Имрӯз дар доираи Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 филми дар солҳои 2024–2026 таҳияшуда пешниҳод гардидааст. Аз миёни онҳо Комиссияи интихоби филмҳо 40 асарро барои иштирок дар озмун интихоб кардааст. Дар маросими ҷамъбастии ҷашнвора, ки 19 октябр баргузор мешавад, 18 ҷоиза дар номинатсияҳои гуногун ба филмҳо ва таҳиягарони онҳо тақдим мегардад.
Дар он роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ҳайати ҳакамон ва намояндагони дигари ҳайати тадорукот иштирок намуда, доир ба барнома ва ҷараёни баргузории синамоҷоиза маълумот доданд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» беш аз 60 намоянда аз ҳашт кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Фаронса иштирок мекунанд.
Дар ин замина, имрӯз кинофорум таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерон» баргузор мегардад, ки зимни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои касбӣ миёни синамогарон ва продюсерони кишварҳои иштирокчӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
