Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид ва то 22 октябри соли равон идома мекунад. Дар ин давр озмун аз рӯйи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон, сурат мегирад.
Дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз тамоми қаламрави кишвар 581 довталаб иштрок карда, аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ — бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн сабқат менамоянд.
Мувофиқи барномаи озмун иштирокчиён дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи наминатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ иштирок мекунанд. Холистамо Назирова хонандаи синфи 7 — и МТМУ рақами 29 — и ноҳияи масчоҳ иштирокчии даври ниҳоии озмун аз рӯи наминатсияи сарояндагӣ мебошад. Ӯ хушҳол аст, ки дар соли аввали иштирок карданаш то ба даври ҷумҳуриявии озмун омада расидааст.
Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар даври ниҳоӣ Шаҳром Раҳмонов донишҷӯи курси 1 — и Колеҷи санъат ба номи Аҳмад Бобоқулов мебошад. Ӯ имрӯз дар озмун аз рӯи наминатсияи сарояндагӣ маҳорати худро нишон дод. Аз баромади худ қаноъатманд аст ва мехоҳад, ки дар оянда сарояндаи касбӣ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки маросими ҷоизасупории озмун ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун рӯзи 23 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
