ДАР ДУШАНБЕ ҶАШНИ МЕҲРГОН ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргон оғоз гардид. Дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзон баргузор шуда, иштирокдорон анъанаҳои миллии таҷлили ин ҷашни бостониро гиромӣ медоранд.