ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” — КАШФИ ИСТЕЪДОДҲОИ САНЪАТУ ҲУНАР

Рузи сеюм аст, ки дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷараён дорад. Иштирокчиён бо омодагии ҷиддӣ маҳорати худро нишон дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас талош мекунанд. Латифа Ниёзбекова хонандаи синфи 11 — и мактаби санъати ноҳияи Рушон тули 4 сол аст, ки дар Озмуни Ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” иштирок дорад ва имсол бо таёрии нисбатан ҷиддӣ дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуд. Номбурда зимни суҳбат ба мо гуфт, ки: «Маҳз бо заҳматҳои бепоёни устодам Назаршоев Олимшо ман тавонистам то даври сеюм яъне даври ҷумҳуриявии озмун иштирок намоям.

Шавқу рағбати беандоза ба мусиқӣ маро водор кард, ки дар ин озмун иштирок намуда малакаи худро бисанҷам. Иштирок дар ин озмун ба ман як таҷрибаи муҳим ба ҳисоб меравад, ки таъсири он метавонад дар таҳсилоти ояндаи ман бирасад. Ҳангоми иштирок дар озмун пеш аз ҳама эҳсоси ба худ бовар кардан баъдан ҳаяҷону хурсандӣ ва масъулият вуҷудамро фаро гирифт. Дар оянда мехоҳам фаъолият дар ин самтро идома дода ба муваффақиятҳои калон ноил шавам».

Дар макони баргузории озмун мушоҳида намудем, ки ҳар як иштирокчии озмун пеш аз баромадан ба саҳна дар гушаҳои алоҳида ба тамрини суруд ва навозиши созҳои мусиқӣ машғул буданд. Аз ҷумла Айёз Шарифзода, ки аз ноҳияи Дарвоз ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфтааст бо устодаш Маҳмадшоҳ Абдураҳмонов давоми 5 сол омодагӣ дидаанд. Айёз Шарифзода дар озмун аз руи жанри анъанавӣ, зарбҳои омехта иштирок намуд.

Роҳила Каримова иштирокчии дигари озмун аз ноҳияи Рудакӣ мебошад. Ӯ иброз дошт, ки 2 сол дар озмуни мазкур аз руи наминатсияи сарояндагӣ жанри эстрада иштирок мекунад. Шавқу рағбати беандоза ба сурудхонӣ сабаби иштироки Роҳила Каримова дар ин озмун гардидааст. Эшон бо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд тавонистааст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёбад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» на танҳо майдони рақобат, балки имконияти муаррифии истеъдод, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифодаи муҳаббат ба Ватан мебошад. Он барои ҷавонони боистеъдод шароит фароҳам меорад, ки маҳорати худро нишон дода, дар рушди фарҳангу санъати миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Умед аст, ки имсол чеҳраҳои нави санъату ҳунар ба майдони васеъ роҳ меёбанд ва дар рушди санъат саҳм мегузоранд.

Дилшодбегими Фирдавс,

коромӯзи шуъбаи мухбирони Радиои Тоҷикистон