Дар Душанбе масъалаи сармоягузорӣ ба ҳифзи иҷтимоии кӯдакон баррасӣ гардид

16 октябр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввари стратегӣ дар мавзӯи «Сармоягузорӣ ва таҳкими низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоии кӯдакон дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.

Мизи мудаввар бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои рушди низоми ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, пешгирии зӯроварӣ нисбати онҳо ва тақвияти сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ бахшида шуд.

Зимни чорабинӣ аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, дастгирии оилаҳои осебпазир ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани самаранокии маблағгузорӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуда, имкониятҳои сармоягузории ҳамоҳангшуда ва роҳҳои таҳкими низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ карданд.

Чорабинӣ ҳамчунин дар доираи омодагии Тоҷикистон ба Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон, ки рӯзҳои 18–19 ноябри соли 2026 дар шаҳри Манилаи Филиппин баргузор мегардад, аҳаммияти муҳим дошт.