Аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон 4,6 миллион дозаи ваксинаи муқобили фалаҷ ворид карда шуд.
Тавре сомонаи Вазорати тандурустӣ менависад, ин ваксинаҳо барои истифода дар маъракаи миллии эмгузаронӣ ва иммунизатсия бар зидди фалаҷ-полиовирус, ки он моҳҳои май-июли соли 2021 дар мамлакат пешбинӣ шудааст, дода шудаанд.
Муовини намояндаи ЮНИСЕФ Зайнаб Ал-Аззавӣ дар ин маросим гуфт, ки ин ташкилот бо шариконаш барои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар давраҳои муҳими маъракаи эмгузаронӣ аз фалаҷи полиомиелит барои таҳкими масунияти кӯдакон кор мекунад.
“Истифодаи ваксинаи даҳонии полиомиелит дар Тоҷикистон барои пешгирии сироят ва муҳофизати кӯдакон аз ин бемории вазнин муҳим аст. СУТ тамоми талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони соҳаи тандурустиро барои омодагӣ ба маъракаву хариди ваксинаҳо дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон, волидонро даъват мекунем, ки фарзандони худро эм кунанд”, – менависад манбаъ аз номи доктор Виктор Олшавский, намояндаи СУТ дар Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки маъракаи миллии эмгузаронӣ ва иммунизатсия бар зидди фалаҷ-полиовирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СУТ ва ЮНИСЕФ дар доираи Ташаббуси глобалии нест кардани фалаҷ (Global Polio Eradication Initiative) гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ин маърака дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда шуда, системаи масунияти худро аз таъсири фалаҷ мустаҳкам намоянд.
Вазорат иттилоъ медиҳад, ки пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он аз ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.