Дар рӯзи сеюми баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Рашт аз баромадҳои иштирокчиён маълум гардид, ки онҳо ба китобу китобхонӣ шавқу завқи баланд дошта, барои иштирок дар ин марҳилаи озмун омодагии ҷиддӣ дидаанд.
Дар озмун дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин донишҷӯёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт иштирок доранд.
Ҷиҳати таъмини шаффофияти озмун донишу маҳорати ҳар як иштирокчӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон дақиқ ва холисона арзёбӣ мегардад.
Масъулини соҳаи маориф иброз доштанд, ки ҳамасола сатҳи омодагии иштирокчиён беҳтар гардида, ин раванд аз болоравии сатҳи маърифат ва таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён ба китобу китобхонӣ шаҳодат медиҳад.
Ҷамшед Раҳимбеков,
минтақаи Рашт
