Президент, ҷавонон ва илмҳои муосир

Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Президент, ҷавонон ва илми муосир” гардид.  Дар кори конфронс намояндагон ва роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷоизадорони ба номи Исмоили Сомонӣ, олимону муҳаққиқон ва намояндагони ҷавони як қатор ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.  

Конференсияро раиси Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мавқеъи ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи миллӣ хеле муҳим аст.

 “Имрӯз ҷавонони саодатманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои ободу озод, аз неъматҳои беназири истиқлолияти миллӣ бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифодаи “ифтихори миллӣ” дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша менамоянд”. Ин нуктаро зимни баромади хеш  раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ изҳор дошт.

Ҳамчунин, дар кори конференсия як қатор иштирокчиён вобаста мавзӯъҳои мухталиф маърӯза намуданд. Аз ҷумла, ноиби Президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои ҷомеашиносӣ”, муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар мавзӯъи “Президент ва адибони ҷавон”, директори радиои “Ховар” Саидҷаъфар Ашурзода дар мавзӯъи “Президент, ҷавонон ва илмҳои муосир”, раиси Шурои олимони ҷавонони МТСНПҶТ Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯъи “Иштироки ҷавонон дар таъмини амнияту ҷомеа” ва дигарон баромад намуданд.

Баҳруллои М.,

Радиои “Тоҷикистон”