Санаи 21 майи соли 2021 дар бинои Вазорати молия маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки Ҷаҳонӣ барои ҷудо намудани маблағгузории иловагии “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” дар ҳаҷми 21,2 млн доллари амрикоии грантӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати молия дар саҳифаи фейбукиаш хабар дода, менависад, ки созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ – Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.Маблағгузории иловагӣ барои дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат тавассути харидорӣ намудани ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19, воситаҳои ҳимояи шахсӣ, воситаҳои ташхиси COVID-19, таҳкими заминаи институтсионалии соҳа барои таъмини густариши бехатар ва самараноки ваксинаҳо, дастгирии системаи иммунизатсия ва таълими кормандоне, ки ваксинатсия мегузаронанд, пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи Лоиҳа харид ва таҳвили таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла истгоҳҳо барои пуркунии оксигени адсорбсияи кӯтоҳдавра, харидории воситаҳои терапевтӣ барои табобати COVID-19 ва хариди ваксинаҳо бар зидди сурхак, паротити эпидемикӣ ва дигар сироятҳои мавсимӣ барои эҳтиёҷоти барномаи эмгузаронии нақшавӣ дар назар дошта шудааст.Ҳамзамон, дар доираи гранти болозикр пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони хурдсол ва маъюб доранд, инчунин насби системаи иттилоотии кумакҳои иҷтимоӣ ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидорҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.