Бар асари оташфишони Нирагонго дар Ҷумҳурии Демократии Конго интиқоли неруи барқ ба шаҳр қатъ шудаасту бӯи ғализи партовҳо ва гудозаҳо атрофро фаро гирифтааст.
Вулқоншинос Дарио Тедеско ба Reuters гуфтааст, ки ин вулқон ба шаҳри Гомо осеб намерасонад, аммо сокинон аз тарсу ларз манзилҳои худро тарк мекунанд ва рӯ ба самти марзи кишвар бо Руандо меоранд. Ҳукуматдорон дар айни замон одамонро ба хештаннигоҳдорӣ ва оромӣ даъват кардаанд.
КҲФ дар ин хабари таҳияшуда менависад, ки намояндагии СММ низ гуфтааст, ки гудозаҳои ин оташфишон ба шаҳри Гомо ва шаҳрҳои дигари калони Конго намерасанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳукумат тасмим гирифтааст то бартараф шудани хатар сокинонро ба макони амн ҳидоя кунад.
Бори охир вулқони Нирагонго соли 2002 фаввора зада буд. Бар асари ин ҳодиса дар шаҳри Гомо 250 нафар кушта шуданд ва 120 ҳазор нафари дигар бе хонаву дар монданд.
Бино ба оморҳои таърихӣ фаввораи мудҳишу кушанда ва пурқурбонии ин оташфишон соли 1977 рух дода буд, ки дар он беш аз 600 нафар ба ҳалокат расида буданд.