Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва иштироки шаҳрвандони кишвари моро дар занозании оммавӣ рад кард.
Ба иттилои манбаъ, кормандони Хадамоти консулӣ бо шуъбаи полиси ҷои ҳодиса дар тамос шуданд. Тибқи маълумоти бадастомада, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса сабт нашудааст.
Хотирасон мекунем, ки чанде пеш дар расонаҳо хабаре паҳн шуд, ки гӯё дар хиёбони Вернадский, хонаи 39 байни мизоҷони як қаҳвахона – 15 нафар шаҳрванди Тоҷиикстону Қирғизистон занозанӣ ба амал омада, дар натиҷа шаш нафар дар беморхона бистарӣ шуданд ва нуҳ нафар барои тафтиши иловагӣ ба идораи полис интиқол ёфтанд.