Раёсати Тоҷикистон дар СААД ба суботи минтақавӣ равона шудааст

«Раёсати Тоҷикистон дар СААД, пеш аз ҳама, ба рушди минбаъдаи системаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ равона шудааст», — изҳор дошт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар нишасти хабарӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанбе.

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, қабл аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷии СААД-ро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

«Мехостам ба шумо иттилоъ диҳам, ки дар ҷараёни мулоқоти дастаҷамъона Сарвари давлати мо, бо назардошти солгарди ҷашнии СААД — 30-солагии имзои Созишномаи дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии худи Созмон, ба Дабири кулл дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узв ҳисоботи маҷмӯӣ дар бораи фаъолияти СААД дар давраи сипаришуда таҳия карда шавад.

Тавре Президенти Тоҷикистон пешниҳод карданд, мо кӯшиш хоҳем кард, ки ин санади фарогир дар соли ҷашнии 2022 ҳангоми нишасти навбатии СААД тасдиқ карда шавад»,-изҳор дошт  Сироҷиддин Муҳриддин.

-Дар ҷаласа мо ва ҳамтоёнамон ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои афзалиятноки пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус додем.

Тавре ин субҳ дар сухани ифтитоҳии худ зикр кардам, ин нақшаро 18 феврали соли равон Раиси ШАД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда буданд,- афзуд Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Нақшаи мазкур як навъ харитаи роҳ мебошад, ки тамоми чорабиниҳои муҳимтаринро дар доираи СААД дар соли равон фаро мегирад.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин зикр кард, ки имрӯз вазирон тибқи рӯзномаи ҷаласа вазъ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви СААД баррасӣ карданд.

«Мо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ бо давлатҳо ва ташкилоти байналмилалӣ якчанд  изҳорот қабул кардем», — таъкид кард Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

“Ховар”