24 май дар варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Басраи Ироқ нахустин бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистону Ироқ доир мегардад. Дастаи Тоҷикистон аз 25 нафар иборат аст ва аз онҳо 7 нафарашон алакай дар бошгоҳҳои берун аз кишвар майдондорӣ мекунанд.
Ба тими асосии кишвар муҳофизатгарон – Давронҷон Эргашев («Бунёдкор» Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс» Эстония), ниммуҳофизатгарон – Парвизҷон Умарбоев («Локомотив» Булғористон) Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор» Узбекистон) ва Комрон Турсунов («Трау» Ҳиндустон) шомиланд. Ҳамлагарон бошанд, Шериддин Бобоев (« Пенанг» Малайзиа), Шаҳром Самиев («Динамо Авто» Молдова) мебошанд.
Дарвозабонон – Рустам Ятимов ва Муҳриддин Ҳасанов хардў аз «Истиқлол» Шоҳрух Қирғизбоев аз «Кўктош», дифоъгарон – Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров ва Зоир Ҷўрабоев аз «Истиқлол» ва Алиҷон Кароматулозода аз «КМВА» бозингарони эҳтиётии тими миллӣ мебошанд. Ба ин қисмат ниммуҳофизон-Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Ислом Зоиров аз «Истиқлол», Илҳомҷон Баротов аз «Истаравшан», Абдулмумин Забиров аз «Хуҷанд», Хусрав Тоиров аз «Динамо Душанбе», Алиҷони Айни (бе даста) ва ҳамлагарон – Манучеҳр Ҷалилов ва Рустам Соиров аз «Истиқлол» ва Нуриддин Ҳамроқулов аз «Хатлон».
Шогирдони Усмон Тошев ҳамзамон, бо мунтахаби миллии Тайланд 29 май дар шаҳри Дубай ба майдон мебароянд. Маврид ба зикр аст, ки ду бозии боқимондаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи вохӯриҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7 июн) ва Мянмар (15 июн) дар шакли мутамарказонидашуда дар Ҷопон доир хоҳанд шуд.
Зиёвиддин Назаров
Радиои “Тоҷикистон”