Дар Данғара роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои лалмӣ баррасӣ шуданд

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ семинари илмӣ-амалии минтақавӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионии парвариши зироатҳои ғалладонагӣ ва равғанидиҳанда дар заминҳои лалмӣ: масъала ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, инчунин роҳбарони сохторҳои соҳавӣ, олимон ва мутахассисони бахши кишоварзӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии семинар баррасии роҳҳои истифодаи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, афзоиши ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ва равғанидиҳанда, инчунин муайян намудани усулҳои самараноки истифодаи заминҳои лалмӣ арзёбӣ гардид.

Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки рушди устувори кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ин замина, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди тухмипарварӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, таҷдиди техникаи кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Яке аз масъалаҳои меҳварии семинар мутобиқсозии усулҳои кишоварзӣ ба шароити тағйирёбии иқлим буд. Иштирокчиён роҳҳои нигоҳдории намии хок, истифодаи навъҳои серҳосилу ба хушкӣ тобовари зироатҳо, риояи меъёрҳои агротехникӣ ва татбиқи технологияҳои каммасрафро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки истифодаи таҷрибаҳои пешқадами кишоварзӣ ва дастовардҳои таҳқиқоти илмӣ, бахусус дар заминҳои лалмӣ, метавонад ба коҳиши талафоти захираҳо, баланд гардидани ҳосилнокӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат намояд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён бо усулҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, имкониятҳои истифодаи техникаву таҷҳизоти инноватсионӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот равона гардид. Дар ин робита, зарурати густариши ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо хоҷагиҳои кишоварзӣ, дастрас намудани натиҷаҳои таҳқиқот ба деҳқонон ва истифодаи амалии тавсияҳои олимон таъкид шуд.

Ноҳияи Данғара, ки дорои иқтидори назарраси аграрӣ ва захираҳои васеи заминҳои кишоварзӣ мебошад, барои татбиқи усулҳои нави парвариши зироатҳо имкониятҳои мусоид дорад. Ба андешаи иштирокчиён, истифодаи мақсадноки ин имкониятҳо, дар баробари ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, метавонад ба рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодии хоҷагиҳо мусоидат кунад.

Дар ҷамъбасти семинар аҳамияти табодули таҷрибаи олимону мутахассисон, татбиқи навовариҳои илмӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои замину об таъкид гардид.