Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар шаҳри Остона дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Қазоқистон садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев бо шароити кор дар сафорат шинос шуданд.

Маҷмааи нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чор бинои асосӣ, аз ҷумла бинои асосии сафорат, бинои истиқоматии кормандон, бахши консулӣ ва қароргоҳи сафир ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ифтитоҳи иншоот барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони сафорат, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таҳкими имкониятҳои татбиқи вазифаҳои намояндагии дипломатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз ифтитоҳи бино сарони давлатҳо дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.

Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барпо шудааст.

Дар шаҳри Душанбе сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият дорад, ки он 5 октябри соли 2002 бо иштироки роҳбарони ду давлат ифтитоҳ ёфта буд.

Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар саҳни ҳавлӣ ниҳоли дӯстӣ шинонданд.