Дар Хоруғ Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардид

Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни кормандони идораву муассисаҳои шаҳру вилоят ҷамъбаст гардид. Дар бозии финалӣ дастаҳои АКАH -2 ва PAMIRNERGY бо ҳам рақобат намуда, бо ҳисоби 4:2 варзишгарони дастаи PAMIRNERGY ғолибият ба даст оварданд.  Варзишгарони дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ сазовори ҷойи сеюм дар ин мусобиқа гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» дар ин бора хабар доданд, ки мусобиқаи мазкур бо ибтикори МИҲД ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Оғохон оид ба масоили ҷавонон ва варзиш тайи 4 моҳ давом ёфта, дирӯз  ҷамъбаст шуд.

Мусобиқа ҳар рӯзи шанбе аз соати 8:00 то 19:00 дар толори калони Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 22 даста  аз идораву муассиса ва ширкатҳои мобилии вилоят доир гардид.

Ғолибон бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ба иштирокчиёни мусобиқа зиёда аз 30 дучарха тақдим карда шуд.