11 паҳлавони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо, ки аз 13 то 15 ноябр дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад, иштирок менамоянд.
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо Меҳрзод Суфиев ва Нурулло Аҳмадов дар вазни то 60 кг, Искандар Маҳмадхоҷазода ва Эҳсон Сафарзода дар вазни то 66 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 73 кг, Бахтиёр Бозоров дар вазни то 81 кг, Шодмон Ризоев ва Муҳаммадиқбол Тошов дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг, Мансур Раҳмон ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни ҷамъи 100 кг ҳунарнамоӣ мекунанд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа беш аз 530 ҷудочӣ аз 70 давлати ҷаҳон сабти ном шудаанд.
