Ҳунарнамоии Манижа Сангинро чӣ тавр метавон тамошо кард?

Имшаб соати 00:00 бо вақти Душанбе 65-умин даври аввали ниманиҳоии Озмуни байналмилалии “Евровидение”  оғоз мегардад.

Ин озмун дар Роттердам (Нидерланд) то рӯзи 22 май оғоз хоҳад кард ва дар ин давр намояндагони 16 кишвар ширкат карда, 10 нафари онҳо ба даври дигар роҳхат хоҳанд гирифт. Тибқи нақша зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин (Manizha) имшаб Россияро бо суруди «Russian Woman» намояндагӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки даври нимниҳоии дуюми «Евровидение-2021» рӯзи панҷшанбе, 20 май ва марҳилаи ниҳоии «Евровидение-2021» рӯзи шанбе, 22 май баргузор мегардад. Дар маҷмӯъ, дар даври дуввуми нимниҳоӣ намояндагони 17 кишвар ширкат меварзанд, ки танҳо даҳ сароянда ба марҳилаи ниҳоӣ (финал) мебароянд. Дар «финал» бошад, 26 нафар – 20 нафари дар ду даври нимниҳоӣ интихобшуда, намояндаи Ҳолланд — кишвари мизбони озмуни 65-ум ва панҷ нафар иштирокчиён аз кишварҳои бунёдгузори “Евровидение” (Британияи Кабир, Германия, Италия, Испания ва Франсия) барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.

Марҳилаи ниҳоии «Евровидение-2021» рӯзи шанбе, 22 май баргузор мегардад. 26 нафар довталабон барои пирӯзӣ мубориза мебаранд: 20 нафари дар ду даври нимниҳоӣ интихобшуда, намояндаи Ҳолланд — кишвари мизбони озмуни 65-ум ва панҷ нафар иштирокчиён аз кишварҳои бунёдгузори “Евровидение” (Британияи Кабир, Германия, Италия, Испания ва Франсия).

65-умин даври аввали ниманиҳоии Озмуни байналмилалии “Евровидение”-ро метавон тавассути Шабакаи якуми Телевизиони Россия ва сомонаи www.1tv.ru мустақиман тамошо кард.