Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев маросими имзои 20 санади нави ҳамкорӣ бургузор шуд.
Нахуст сарони давлатҳо зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.
Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин ба имзо расид:
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо барои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба рушд ва таъмиқи ҳамкорӣ дар амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва металлургӣ;
— Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа миёни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва интегратсияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи рушди тиҷорати электронӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии “Телерадиокомплекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон”-и Раёсати корҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030;
— Ёддошти тафоҳум миёни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генерали Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ;
— Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти воридоти маҳсулоти нафтӣ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат барои солҳои 2027;
— Ёддошти ҳамкорӣ миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солидкор Ресурсиз плк (Solidcore Resources plc);
— Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2027-2028 миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодири Кумитаи бойгонӣ ва ҳуҷҷатгузории Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии дастнависҳо ва китобҳои нодири Кумитаи бойгонӣ ва ҳуҷҷатгузории Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Шабакаи телевизионии иттилоотии “Ҷаҳоннамо” ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии дорои ҳуқуқи идоракунии хоҷагидории “Маҷмааи телевизион ва радиои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон”-и назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии дорои ҳуқуқи идоракунии хоҷагидории “Маҷмааи телевизион ва радиои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон”-и назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.
— Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид. Дар маҷмуъ миёни доираҳои соҳибкорӣ 25 санад ба маблағи умуми 2,5 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев барои доираи васеъи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Зимни изҳороти хеш роҳбарони ҳар ду давлат натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистонро барои таъмиқи муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонӣ неку барҷаста арзёбӣ намуданд.
