Бо гумони дуздии чорво ду нафар боздошт шуд

ВКД хабар медиҳад, ки кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар асоси аризаҳои пай дар пайи сокинони ноҳия оид ба дуздии моликияташон ду нафар гумонбарон, сокинони ноҳияи мазкурро, ки ба дуздии чорвоҳои мардум даст задаву аз ҳисоби дигарон рӯзгори худро сомон медоданд, дастгир намуданд.

Ба иттилои манбаъ, инҳо Барфаков Раҳимҷон, соли таваллудаш 1994 ва Куралов Нусратулло, соли таваллудаш 2000-ум мебошанд.
Тибқи маълумоти ВКД ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ, аз фурсати муносиб барои худ истифода намуда, шабона бо роҳи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ гардида, аз дохили оғилхонаҳо чорвоҳои калони шохдорро тасарруф менамуданд ва маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардаашонро дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, боз дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои нави ҷинояткорона мегарданд.
Маблағи зарари расонидаашон ба сокинон 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки нисбати гумонбарон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

171
173

АКСҲОИ АЗ СОМОНАИ ВКД