Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар додааст, ки усули сохтани сомонаҳои сайёҳӣ ва ҷой намудани маълумотномаи сайёҳӣ дар сомонаҳои мақомот ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар давраҳои омӯзишие, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси ин Кумита ташкил гардида, ба 40 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ширкатҳои сайёҳӣ омӯзонида шуд.
Гуфта мешавад, ки давраҳои омӯзишӣ дар заминаи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар робита ба баланд бардоштани нуфуз ва ҷолибияти Тоҷикистон тавассути таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо мақсади ҷой намудани рубрикаи сайёҳӣ дар сомонаи мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.
Ин ташаббус метавонад ба яке аз омилҳои муҳими рушди соҳа-тарғиби ганҷинаҳои ғановати сайёҳӣ мусоидати фаъол намояд. Ба таври қаноатбахш муаррифӣ нашудани зарфиятҳои туристии кишвар нуктаест, ки ҳамвора аз ҷониби коршиносон интиқод мешавад. Таҳлилгарон аҳамияти тарғиби соҳаро на кам аз талошҳо барои ба вуҷуд овардани инфросохтори сайёҳӣ медонанд. Бо назардошти он ки ВАО-и маҳаллӣ ва сомонаҳои интернетӣ дар вилояти Хатлон дар муқоиса бо вилояти Суғд фаъолияти назаррас надоранд, таваҷҷуҳ ба сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва рангоранг намудани муҳтавои онҳо аҳамияти хосаро доро хоҳад шуд.
Аз оморҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ бармеояд, ки дар вилояти Хатлон инфрасохтори сайёҳӣ батадриҷ рушд намуда, 931 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 106 меҳмонхона, 131 мавзеи сайёҳӣ, 138 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 133 тарабхона, 42 осорхона, 118 чойхона, 278 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 60 ҳоумстей ва гестхаус, 82 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 116 зиёратгоҳҳо, 44 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуданд, ки ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Ҳамзамон Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, табиати зебову водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст. Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо дар мавсими баҳор сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алахусус, мақбараи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» дар шаҳри Кӯлоб, «Қалъаи Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи «Хоҷа Машҳад»-у мавзеи «Чилучорчашма» дар ноҳияи Носири Хусрав, оромгоҳи «Зайналобуддин» дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори «Ҳазрати Султон» дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи «Сарихосор» дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи «Чилдухтарон» дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар.