Аз шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душаебе хабар доданд,ки даври интихобии Олимпиадаи байналмилалии «AMC-2025» аз фанни математика дар ноҳияи мазкур баргузор гардид.
Олимпиада дар байни хонандагони синфҳои 1-11 гузаронида шуда, шумораи зиёди хонандагони болаёқат дар он фаъолона иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки даври ниҳоӣ олимпиадаи «AMC-2025» рӯзҳои 13-14 декабр дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа баргузор мегардад.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»
