Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар маросим муовини сарвазири кишвар, раиси комиссияи озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода ва донишҷӯёну иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.
Дар маросим Дилрабо Мансурӣ муовини сарвазири кишвар, раиси комиссияи озмун баромад карда, ироз намуд, ки бо пешниҳоди бевоситаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии Илм-фурӯғи маърифат наминатсия нав, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ илова гардид ва аллакай аз ин наминатсия дар даври ҷумҳуриявии озмун 78 нафар иштирок менамоянд.
Ҳамчунин дар маросим Раҳим Саидзода вазири маориф ва илми кишвар суханронӣ карда, гуфт, ки даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии Илм-фурӯғи маърифат аз 21 то 25 октябри соли равон идома карда, дар он аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, зиёда аз 600 нафар довталаб иштирок ва рақобати зеҳнӣ менамоянд.
Рамазон Мирзоев хонандаи синфи 11 — и МТМУ рақами 10 — и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иштирокчии озмун аз рӯи наминатсияи технологияи иттилоотӣ мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки барои даври ниҳоӣ таёрии хуб дидааст ва умедвор аст, ки дар ин давр ғолиб меояд.
Ҳамчунин дар маросим гуфта шуд, ки аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявии озмун хатсайрҳо ташкил гардидааст, ки иштирокчиён дар вақтҳои холии худ метавонанд, аз маконҳои фарҳангӣ ва илмии шаҳри Душанбе дидан кунанд.
Бояд гуфт, ки имсол даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии Илм-фурӯғи маърифат аз руи наминатсияҳои муайян дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ гузаронида мешавад.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»