«Замин ҳам мехўронад ва ҳам мепўшонад, агар…»

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои  асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, фаровонии бозори истеъмолии мамлакат  ва дастархони мардум аз рушди ин соҳа вобастагӣ дорад. Дар ҳамин ҳол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохўрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, 9 апрели соли 2021,  иброз доштанд, ки «Тибқи хулосаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мутахассисону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, соли 2021 дар таърихи садсолаи ҳаёти башарият  бо  сабаби  тағйирёбии  иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, пайомадҳои манфии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, инчунин, авҷ гирифтани бекорӣ яке аз солҳои вазнинтарин ва ниҳоят душвор мегардад.

Мувофиқи изҳороти созмонҳои байналмилалӣ, аллакай, аҳолии бист кишвари сайёра аз болоравии нархҳо ва камчинии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ гирифтор шудаанд.

Дар чунин шароит мо бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи озуқавориро таъмин намоем ва нагузорем, ки шаҳрвандон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисиву муҳтоҷӣ кашад». 

Бо вуҷуди таъкидҳои пай дар пайи масъулин оё шаҳрвандон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода мебаранд? Оё  сокинони мамлакат аз маданияти заминдорӣ бархўрдоранд?  Магар  дар кишвар ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода мешавад?

 Бо пайгирӣ аз ҳамин пурсиш чанде пеш дар ноҳияи Шаҳринав қарор доштем.

Ҳамсуҳбати мо Қаноатшо Файзов-дар оилаи зиёӣ ба камол расидааст. Падари он кас-бобои Шифо яке аз саромадони соҳаи маориф дар минтақа ҳастанд. Фарзандони бобои Шифо дар баробари таълиму тадрис боз замини назди ҳавлигии худро самаранок истифода мебаранд. Ҳамкаломи мо мегўяд, ки «замин бани башарро ҳам мехўронад ва ҳам мепўшонад, агар арақи ҷабин резаду агротехникаи парваришро дуруст ба роҳ монад».

-Ман-мегўяд-аз 6 садяк замин даромади хуб мегирам. Шумо тасаввур кунед, дар аввали баҳор нархи 1 киллограм помидору  бодиринг аз 15 то 25 сомонӣ арзиш дорад ва ё нархи қаламфури булғорӣ то 45-50 сомонист. Чаро ман ба хотири беҳбудии рўзгорам, 6 садяк замине, ки дар ихтиёр дорам самаранок истифода набарам, гармхона накунаму помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ парвариш накунам?

Бале, ин марди хирад, моҳияти самаранок истифода бурдани заминро дуруст дарк кардааст. Воқеан ҳам, агар ҳар як фард  замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода барад, ҳатман бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ ғанӣ мегардад, ки ин омили аслии  расидан ба яке аз аҳдофи чоргонаи ҳукумати кишвар-таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Ба ибораи дигар истифодаи самараноки ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он, инчунин ташкили кишти такрории зироати кишоварзӣ омили пешрафти зиндагии шоиста буда, барои баланд  бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Муродулло Раҳимов

радиои «Тоҷикистон»