СУТ мегӯяд, ки теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 дар сатҳи ҷаҳонӣ аз афзоиш бозмонд. Гуфта мешавад, ки ҷаҳон аз лиҳози сатҳи гирифторшавӣ ба COVID-19 ба нуқтаи авҷи худ расид. Ва дар баъзе минтақаҳо, масалан, дар Амрикои Шимолӣ, Ҷанубӣ ва Аврупо, ки ба наздикӣ аз рӯи шумораи сироятёбӣ пешсаф буданд, нишондиҳандаҳои беморшавӣ рӯ ба коҳиш овардаанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки роҳбари СУТ Тедрос Гебрейесус зимни брифинг дар Женева изҳор дошт, ин нишондиҳандаҳо дар маҷмӯъ чун пештара хеле баланд мебошанд. Дар тӯли ҳафтаи охир 5,4 миллион ҳолати гирифторшавӣ ба ин беморӣ сабт шуд ва 90 ҳазор нафар ба асари COVID-19 фавтиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.
«Мо аз ҳар гуна коҳиши нишондиҳандаҳо истиқбол мекунем, аммо ин пештар низ сурат мегирифт», — ёдовар шуд доктор Тедрос. — Соли сипаришуда дар аксари кишварҳо тамоюли коҳиши шумораи ҳолатҳои беморшавӣ ва фавт мушоҳида мешуд, ҳукуматдорон чораҳои маҳдудкунандаи иҷтимоиро бисёр зуд сабук карданд, одамон ҳушёриро аз даст доданд ва дар натиҷа бозгашт ба ақиб сурат гирифт».
Маҳз ҳамин ҳолат дар Ҳиндустон, ки ҳар рӯз 350-370 ҳазор нафар сироят меёбанд, сурат гирифт. Доктор Тедрос ташаббуси нави СУТ — «Барои Ҳиндустон муттаҳид мешавем» -ро эълон кард, ки дар доираи он Созмон барои дастгирии мубориза бар зидди пандемия дар он кишвар маблағ ҷамъоварӣ хоҳад кард. Пулҳо, аз ҷумла, барои хариди балонҳои оксиген, таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ ва доруворӣ масраф хоҳанд шуд.
Тедрос инчунин нобаробариро дар раванди эмгузаронӣ бо COVID-19 зикр кард. Масалан, дар кишварҳои дорои сатҳи даромади баланд ва даромади миёна, ки дар онҳо тахминан 53 фоизи аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунанд, 83 фоизи тамоми вояҳои ваксинаҳои то имрӯз истеҳсолшуда рост меояд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои дорои даромади кам ва камтар аз сатҳи миёна, ки дар онҳо 47 фоизи аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунанд, танҳо 17 фоизи ваксинаҳоро ба даст овардаанд.
Роҳбари СУТ бори дигар таъкид кард: то вақте ки аксарияти сокинони сайёра бо ваксина эм карда нашаванд, пирӯзӣ бар пандемия ғайриимкон аст.
Манбаъ: АМИТ “Ховар”