Рушди волейбол дар Тоҷикистон

Варзиш яке аз омилҳои муҳимми таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи ҷисмонии насли наврас ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад. Дар байни намудҳои гуногуни варзиш волейбол низ мавқеи хос дошта, бо хусусияти даставӣ, шавқоварӣ ва таъсири мусбати худ ба саломатӣ таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ҷалб менамояд. Солҳои охир дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба рушди ин намуди варзиш бештар гардида, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба машқу тамрин, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва омода намудани дастаҳои рақобатпазир тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.

Ба гуфтаи сармураббии дастаи волейболи шаҳри Душанбе Шодӣ Назарамонов:

«Волейбол дар Тоҷикистон назар ба солҳои пеш рушд карда истодааст. Имрӯз таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш бештар гардида, онҳо барои такмили маҳорати худ ба машқу тамрин машғул мешаванд. Барои рушди минбаъдаи соҳа зарур аст, ки шароити машқ беҳтар гардида, ҷавонони бештар ба ин намуди варзиш ҷалб карда шаванд», — иброз медорад Шодӣ Назарамонов.

Дар баробари рушди заминаи моддию техникӣ, ташаккули завқи варзишӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонон низ аҳаммияти махсус дорад. Зеро волейбол на танҳо маҳорати ҷисмонӣ, балки ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми рақиб ва ҳисси масъулиятшиносиро дар ҳайати даста тақвият мебахшад.

Ба гуфтаи варзишгар ва устоди варзиш Насиб Қурбомамадов:

«Муҳим он аст, ки ҷавонон ба варзиш таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд ва онро ҳамчун ҷузъи тарзи ҳаёти солим интихоб намоянд. Варзишгарон бо меҳнату талош ва иштироки фаъолона дар мусобиқаҳо метавонанд маҳорати худро такмил дода, дар арсаи байналмилалӣ давлату миллати худро муаррифӣ кунанд», — таъкид менамояд Насиб Қурбомамадов.

Дар маҷмӯъ, рушди волейбол дар Тоҷикистон аз дастгирии соҳа, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тамрин, фаъолияти мураббиёни соҳибтаҷриба ва иштироки фаъоли ҷавонон вобастагии зиёд дорад. Таваҷҷуҳ ба ин самт метавонад барои кашфи истеъдодҳои нав, тарбияи варзишгарони касбӣ ва баланд бардоштани нуфузи варзиши тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.

Анисаи Иқболшо