Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 тонна картошкаи тухмии туркӣ аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) тақдим гардид.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, картошкаи воридгардида дар Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” захира гардида, аз он 40,2 тоннааш ба хоҷагиҳои деҳнқонии ду минтақаи Тоҷикистон тақсим мешаванд ва 1,8 тоннаи дигараш дар навъсанҷӣ истифода хоҳад шуд. 1,8 тонна тухмии туркии иборат аз 6 навъ дар 3 минтақаи гуногуни Тоҷикистон кишт карда мешаванд ва дар солҳои оянда ҳамчун тухмиҳои мутобиқ барои Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи Рушди истеҳсоли картошкаи Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади он интиқоли навъҳои тухмиҳои пурсамари картошка ба Тоҷикистон мебошад. Дар доираи ин лоиҳа бо мақсади дар шароити мусоид гузаронидани корҳои кишт 3 адад картошкашинонак тақдим гардид ва ҷиҳати таъмини кишти дуруст як мутахассиси соҳа аз Туркия ҷалб гардидааст.