Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содироти мамлакат ва бо кори доимӣ дар деҳот таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад. Деҳқонони заҳматқарини мамлакат соли 2020-ум 1 миллиону 20 ҳазор тонна картошка истеҳсол карданд, ки ин баёнгари рушди соҳа дар кишвар аст. Бо вуҷуди истеҳсоли беш аз як миллион тонна картошка бозҳам танқисии картошка дар бозорҳои истеъмолии кишвар, алалхусус дар арафаи мавсими баҳор ба мушоҳида мерасад. Оё кишоварзони мамлакат имкон доранд, ки талаботи бозори истеъмолиро бо картошка таъмин намоянд?
Дар ҳамин ҳол вазири кишоварзии мамлакат Зиёзода Сулаймон мегўяд, ки «соли 2020-ум кишоварзони мамлакат ба ҳар нуфуси аҳолӣ дар доираи 70 киллограм картошка истеҳсол карданд, ки ин ба талаботи физиологӣ ҷавобгў нест. Аз ин рў мо дар соли 2021 майдони кишти картошкаро ба 71 ҳазор гектар расониданием».
Бино ба назари коршиносон агар ҳосилнокии 71 ҳазор гектар картошказор ҳади аққал ба 250-300 сентнер аз як гектар расонида шавад, кишвари мо ба мамлакати содиркунандаи картошка табдил меёбад.
Воқеан ҳам иқтидору имконоти кишоварзии мамлакат имкон медиҳад, ки мо на танҳо бозори истеъмолии мамлакатро бо картошка таъмин намоем, балки ба яке аз кишварҳои содиркунандаи ин навъи маҳсулот дар минтақа гардем.
Ба хотири баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироати муҳими иқтисодӣ чӣ бояд кард?
Суоле буд, ки зимни суҳбат бо доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев дар миён гузоштем.
-Пеш аз ҳама ҳангоми кишт аз навъҳои маҳалӣ истифода бурд. Зеро ингуна навъи тухмиҳо ба иқлими мо мутобиқ аст. Баъдан корҳои агротехникиро саривақт анҷом дод. Ҳадди аққал ба як гектар замин 10-15 тона поруи органикӣ дод.
-Замин Тоҷикистон замини зархез аст. Ин мазраи муқаддас чӣ миқдор имкон дорад, барои картошка?
-Замини мо аз 1,5 то 3 фоиз гумус дорад. Ин маънои онро дорад, ки хоки мо зархез аст. Дар мавриди ҳосилнокии картошка ҳаминро бояд гуфт, ки деҳқони соҳибтаҷрибаи минтақаи Деваштиҷ, Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва ё Лахш аз 400 то ба 500 сентнер ҳосил гирифтанд.
-Дар мавриди агротехникаи парвариши ин зироати муҳимӣ шумо чӣ назар доред?
-Пеш аз ҳама заминро хуб нарм кард, баъдан нуриҳои маданиро бо органикӣ омехта намуда дод. Набояд фаромўш кард, ки 50 фисади ҳосили картошка аз ҳамин вобастагӣ дорад. Дуюм обро тибқи меъёр истифода бурд, вагарна қабати ҳосилхези замин таназзул меёбад.
Бино ба таҳлили коршиносони соҳа замини зархези кишвар имкон медиҳад, ки кишоварзон бо истифода аз тухмии ватании навъҳои «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт» ва «Шукрона» аз 300 то ба 450 сентнер аз як гектар ҳосили картошка ба даст оранд. Самаранок истифода бурдани заминҳои кораму тухмии аълосифат ва риояи дурусти агротехникаи парвариши зироат боис мегардад, ки мо ҳам бозори истеъмолии кишварро бо картошка таъмин намоему ҳам ба хориҷ содирот намоем.
Бино ба омори расмӣ 93 дарсади масохати кишвари мо- Тоҷикистонро кўҳҳо ташкил медиҳад ва масоҳати умумии майдони киштшаванда бошад, дар доираи 750 ҳазор гектар мебошад. Гузашта аз ин таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки кишварҳои мутамаддин фарханги истифодаи заминро бо мақсади имконияти худтаъминкунии озуқавори дар ҳама шаклҳояш истифода мекунанд. Дар ҳамин ҳол ёдрас мешавем, ки кишвари Ҷопон, ки беш аз 130 миллион нафар ахолӣ дорад, аз масохати 379 хазор км мураббаъ замин бозори истеъмолиашро аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ғанӣ мегардонад.
Муродулло Раҳимов
радиои «Тоҷикистон»