Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон нимаи севуми моҳи марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар соли 2021-умро соли мураккаб арзёбӣ намуда, афзуданд, ки пайомадҳои пандимея ва тағйирёбии иқлим моро водор менамояд, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се – чор ҳосилро роҳандозӣ намоем.
Воқеан ҳам дар шароити кунунӣ масоили марбут ба тағйирёбии иқлим яке аз муаммоҳои аслии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Биноба назари соҳибназарони соҳа чунин тағйирот дар баъзе кишварҳо боиси хушксолӣ, пастшавии ҳосил, гуруснагӣ ва эпидемияҳо мешавад. Дар ҳамин ҳол коршиноси соҳаи тағйирёбии иқлим Анвар Ҳомидов мегӯяд, ки мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тағйирёбии иқлим бисёр ҳассос аст ва бодарназардошти ҳамин маънӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста батағйирёбии иқлим «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи солҳои 2020-2030» қабул намудааст, ки амалигардии он таъсири тағирёбии иқлимро дар кишвар кам хоҳад кард.
Ҳамсуҳбати дигари мо Қурбоналӣ Партоев-доктори илмҳои кишоварзӣ мегуяд, ки кишоварзонро мебояд, дар шароити кунунӣ аз дастовардҳои илмӣ самаранок истифода кунанд ва олимонро зарур аст, ки ба хотири пешгирӣ аз хисороти тағйирёбии иқлим навъҳои нави мутобиқи дилхоҳ зироатро ба даст оранд.
Ҳикматулло Назиров-доктори илмҳои кишоварзӣ мегуяд, ки таъсири тағйирёбии иқлим хусусан дар соли 2021-ум бараъло мушоҳида гардид, дар моҳи феврал беш аз 70 дарсади дарахтони донакдор гул карданду баъдан сардиҳо фаро расид. Дарахтон дар ин давра зарбаи шадидро қабул карданд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки деҳқони асил пайваста аз пайи ба даст овардани ҳосили баланд аст. Чанде пеш Ғуломалӣ Мирзоев сокини шаҳри Ҳисор дар суҳбати бидуни микрафон аз таҷрибаи наваш гуфт. Ин деҳқон ба хотири пешгирӣ аз сардиҳои аввали баҳор картошкаро дар шароити хона коштааст. Ӯ мегӯяд, ки айни замон лундаи картошкаи дар халтаи орд коштам нашъунамои хуб дорад. Ин амалро Қурбоналӣ Партоев-доктори илмҳои кишоварзӣ таҷрибаи деҳқонро таҷрибаи иноватсионӣ медонад.
Дар замони муосир, ки тағйирёбии иқлим бармало мушоҳида мешавад, деҳкононро мебояд, ки ҳар як қатра обу ҳар як ваҷаб замини ҳосилхез самаранок истифода баранд Ба ибораи дигар агар замин, об, иқлими табиат ва дастовардҳои илмии олимон дар соҳаи кишоварзӣ самаранок истифода шавад, ҳамагуна мушкилот дар соҳаҳои кишоварзӣ бартараф мегардад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»