Дирӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-Уқёнусия баргузор шуд, ки дар натиҷаи он рақибони варзишгарони тоҷик муайян шуданд.
Бояд гуфт, ки Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг) бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид.
Натиҷаи қуръакашӣ:
-48кг. Даври 1. Ка Ки Вонг (Гонконг, Чин) – Шукрона Карчиева (Тоҷикистон)
-52кг. Даври 1. Гулбодом Бобомуродова (Туркманистон) – Аҳлия Мӯъминова (Тоҷикистон)
-52кг. Даври 1. Тинка Истон (Австралия) — Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
-73кг. Даври 1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) — Айяш Ахмед (Яман)
-81кг. Даври 2. Акмал Муродов (Тоҷикистон) – Халил Ребаҳи (Қатар)
-81кг. Даври 2. Мун Ҷин ЛИ (Кореяи Ҷанубӣ) – Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
-90кг. Даври 1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон) – Шатлик Тораев (Туркманистон)
-90кг. Даври 1. Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) – Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)
-100кг. Даври 1. Кайхан Озчичека-Такаги (Австралия) – Мансур Раҳмон (Тоҷикистон)
+100кг. Даври 1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – Карам Бир Карам бир (Ҳиндустон)
+100кг. Даври 1. Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон)
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё-Уқёнусия оғоз мешавад, ки дар он 12 нафар варзишгарони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:
Вазн: Иштирокчӣ:
-48кг Шукрона Карчиева
-52кг Аҳлия Мӯъминова
-52 кг Фазилат Гулбоева
-60 кг Шаҳбоз Саидабуроров
-73 кг Сомон Маҳмадбеков
-81кг Акмал Муродов
-81кг Ҳақназар Назаров
-90 кг Комроншоҳ Устопириён
-90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг Мансур Раҳмон
+100 кг Темур Раҳимов
+100кг Хуршед Маҷидов
Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг; Мардон: -60, -66 кг
Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг; Мардон: -73, -81 кг
Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг; Мардон: -90, -100, +100 кг
Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)
Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»