Бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии гуногун дар пойтахти кишвар 46 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод, бо дастгири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҶДММ Анас Аврупо-Осиё бо шароитҳои замони муосир ва мутахасисони ботаҷриба ба кор шурӯъ кард.
Дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуд ва тибқи иттилои масъулин, коргоҳи мазкур маҳсулоти худро на танҳо дар ҳудуди пойтахт, балки берун аз он низ тибқи фармоиши муштариён пешниҳод менамояд.
Гуфта мешавад, ки ҶДММ Анас-Аврупо-Осиё бо мақсади афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бунёд шуда, барои бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ таъмин кардани сокинони шаҳри Душанбе ва берун аз он замина мегузорад.
“Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иншооти зиёди маишиву хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд ва ин раванд идома дорад. Дар доираи дастгириҳои роҳбарияти Олии мамлакат ва шаҳрдори Душанбе ин навбат ҶДММ “Маркази тиббии Насл” ва ҶДММ Анас Аврупо-Осиё ифтитоҳ гардиданд”,-омадааст дар хабар.
ҶДММ “Маркази тиббии Насл” 15 октябри соли 2010 ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи кумаки тиббӣ ба хотири хизматрасониҳои технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ ташкил карда шуда, бо харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ дар марказ аввалин амалиётҳои эндовидеоҷарроҳӣ (лапороскопӣ ва гистероскопӣ), иммуноферментӣ, реаксияи занҷиравии полимеразӣ ва амалиёти эмбриологӣ гузаронида мешавад.
Қаблан, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки баъд аз ифтитоҳи ин марказ дар он зиёда аз 44 нафар мутахассис ба кор таъмин карда шуда, барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ дар хориҷи кишвар нақшаҳои зиёд роҳандозӣ карда шудааст. Барои сифатан беҳтар намудани кор дар ин самт ба маблағи 10 милион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ зарабинҳо, инкубаторҳои планшетӣ, хетчинги лазерӣ, муоинаи ултрасадоӣ ва колпоскопӣ, асбоби буриш ва ковгулятсияи лапиши мавҷ ва лазерӣ харидори карда шуд.