СММ Конвенсияи зидди ҷиноятҳои кибернетикиро имзо кард

Аввалин Конвенсияи зидди ҷиноятҳои кибернетикии ҷаҳон аз ҷониби СММ имзо шудааст. Маросим дар Ветнам баргузор шуд,-хабар медиҳад агентии иттилоотии РИА Новости. Ҳадафи ин ҳуҷҷат тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҳамлаҳои ҳакерӣ, қаллобии онлайн ва қочоқи инсон аст. Барои тафтишоти муассири ҷиноятҳои кибернетикӣ як шабакаи босуръати ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, ин созишнома як қадами муҳим дар самти таъмини амнияти рақамии ҷаҳонӣ хоҳад буд. Конвенсия пас аз тасдиқ аз ҷониби кишварҳои узв эътибор пайдо мекунад.