Дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара меҳмонхонаи замонавии «Шоҳроҳ» ба истифода дода шуд

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Шаҳбури Ҷамоати деҳоти Себистон меҳмонхонаи замонавии «Шоҳроҳ» мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.

Меҳмонхонаи мазкур дар канори шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Данғара–Кӯлоб ҷойгир буда, бо ба истифода додани он 15 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Меҳмонхонаи мазкур дорои имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Бинои меҳмонхона чорошёна буда, бо сабку усули муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Утоқҳои барҳавои истироҳатӣ, толорҳои қабулу нишаст ва ҳуҷраҳои оилавии меҳмонхона бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар қабати якуми бино ошхонаи замонавӣ ҷойгир буда, меҳмонон метавонанд дар муҳити орому зебо аз таомҳои миллӣ баҳра баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар 9 моҳи соли 2025 ба ноҳияи Данғара 46 ҳазору 370 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид шуданд, ки 4313 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Данғара 8 меҳмонхонаи замонавӣ, 3 мавзеи сайёҳӣ, 15 тарабхонаи муосир, 3 осорхона, 82 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 чойхона, 32 маркази хизматрасонии бонкӣ, 9 мағозаи фурӯши армуғон, 5 зиёратгоҳ, 5 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 маркази иттилоотию сайёҳӣ, 4 хатсайри сайёҳии амалкунанда ва 12 ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд мебошанд.