Таҷдид ва азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар

Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Дай Ниппон Констракшн” Шартномаи “Таҷдид ва азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтар”-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ба имзо расид.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт маблағи умумии лоиҳа бо назардошти хароҷоти машваратӣ-лоиҳакашӣ  ва пудратӣ-сохтмонӣ дар маҷмӯъ 30 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва муҳлати татбиқи лоиҳа 22 моҳро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Ҷопон сармояро дар шакли грант барои “Таҷдид ва азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтар роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” ҷудо намуд. Дарозии роҳ дар қитъаи мазкур 9,2 км-ро ташкил дода, аз ҳудуди шаҳри Бохтар то наздикии пул аз болои дарёи Вахш ба самти ҳаракат ба шаҳри Душанберо бо назардошти васеъкунонии роҳи автомобилгарди мавҷуда аз 2 хати ҳаракати нақлиёт ба 4 хат дарбар мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *