Бар асари 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ дар қаламрави ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои мошингарди Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоб қатъ шуд.
Бар асоси хабари КҲФ ин тармаву сангрезиҳо талафоти ҷониву хисорати молӣ надоштанд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки аз сабаби бориши зиёд ва баланд шудани дамои ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма, сангрезиҳо ва омадани селу обхезиҳо, яхбандии шабона дар минтақаҳои сард, дар ағбаҳо ва дигар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мондааст. Эҳтимоли туман дар водиҳо низ зиёд аст.
Аз ин рӯ, ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан ба қоидаҳои бехатарӣ ва ронандагӣ риоя кунанд. Бахусус боло бурдани суръати ҳаракат дар ағбаҳо ва риоя накардани фосилаи байни мошинҳо хатари зиёд дорад.