Аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба масоили назири ташдиди ҷангҳои иттилоотӣ дар фазои маҷҷозӣ, афзоиши нархи сӯзишвории нафтӣ дар Тоҷикистон, заъфи таъмини амнияти ғизоӣ дар мисоли истеҳсоли картошка ва пирӯзии тоҷикдухтар Манижаи Сангин барои намояндагӣ аз Русия дар озмуни Евровидение таваҷҷуҳ кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 март мақолае бо номи “Ғасби заминҳои ҷангал. Гуфтаниҳое, ки бояд гуфт.” аз истифодаи ғайримақсадноки заминҳои хоҷагии ҷангал дар ноҳияи Шаҳритус интиқод кардааст.
Ба навишати муаллфи ҳангоми пайгирии масъала намояндагони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва Кумитаи идораи замин ва геодезӣ зимни санҷиш дар ноҳияи Шаҳритус ҳолати ғайриқонунӣ истифодаи боз 60 гектар заминҳои ҷангали гурӯҳи якумро ошкор карданд.
Нашрия дар идома аз қавли Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, навиштааст, ки дар бисёр маврид аз сабаби пинҳон доштани баъзе ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба замин мақомоти маҳаллӣ аз муроҷиат ба ин Кумита худдорӣ менамоянд. Ин аст, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ 11 ҳазору 798 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани замин қайд шудааст, ки бештар ба маҳалҳо рост меояд”.
Муаллиф дар хулоса навиштааст, ки Агентии ҳоҷагии ҷангал низ дар навбати худ бояд амволи давлатии ҷангалро ҷиддӣ назорат намояд, зеро дар бисёр маврид ҷангалпарварон аз истифодаи ғайриқонунии заминҳо дар минтақаҳо бехабаранд. Ё ин ки дар ҳудуди мамлакат аз уҳдаи ҳифзу нигоҳдории беш аз 1 миллион гектар замини ҷангал набаромада, “бехабар” мондани худро баҳона меҷӯянд?!
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Садои мардум” нашри рӯзи 18 март гуфтааст, ки айни замон Тоҷикистон 3 дарсад ҷангалзор дорад, ки аз меёр 10 маротиба камтар аст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай то солҳои 1947-ум масоҳати ҷангалзорҳои Тоҷикистон то 33 дарсадро ташкил меддод.
Дар идомаи суҳбат Муҳаммадраҳим Юсуфӣ таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Аммо ба гуфтаи у дар чил соли охир беш аз 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон таъкид кардааст, ки обшавии босуръати пиряхҳо, дар баробари зиёдшавии масрафи об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад оқибатҳои манфӣ дошта бошад.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар идомаи суҳбат тазаккур додааст, ки агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол ба ду ҳазор метри мукааб баробар шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 17 март дар мақолае бо номи “Омори дурӯғу нархҳои миёншикан” аз изофанависиҳои масъулини ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бораи майдони кишти картошка, интиқод кардааст.
Муаллиф дар идомаи ин матлаб аз қавли Талаб Азизов, раиси тозатаъини шуъбаи омори ноҳияи Муъминобод навиштааст, ки масъулони собиқ дар кишти картошка 1105 гектар изофанависӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф айни замон нархи 1 кг картошка дар бозорҳои кишвар то 5-6 сомонӣ афзоиш ёфтааст, аммо масъулини идораҳои танзимгари бозору нархҳо парвое надоранд. Аз сӯйи дигар Вазорати кишоварзӣ эълон кардааст, ки интизор аст соли ҷорӣ 1 млн 400 ҳазор тонна картошка дар Тоҷикистон истеҳсол шавад.
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 18 март мусоҳибаи сардабири ин нашрия дар ҳафтаномаи “Минбари халқ”-ро бознашар кардааст. Сайёфи Мизроб дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки барои пирӯзи дар ҷангҳои иттилоотӣ ҳамгироии расонаҳои расмӣ ва хусусӣ дар Тоҷикистон зарур аст.
Ба гуфтаи вай дар шароити ҷангҳои шадиди иттилоотӣ нашрияҳои хусусӣ ба дастгирии давлатӣ ниёз доранд, аммо мутаассифона, то ҳол бархе мансабдорон дар симои расонаҳои хусусӣ душманро мебинанд. Сайёфи Мирзроб дар хулоса таъкид кардааст, ки танқидро аз саҳфаи матбуоти миллӣ хондан хубтар аз онест, ки аз расонаҳои хориҷӣ мутолиа кунем.
Ҳафтаномаи русии “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 18 март дар мақолаи таҳлилие масъалаи таъсиси паркҳои технологӣ дар бахши фановариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар Тоҷикистонро, ки ахиран аз ҷониби Вазорати саноат эълон шуд, баррасӣ кардааст. Муаллиф навиштааст, ки миёни кишварҳои Осиёси Марказӣ танҳо Тоҷикистон аст, ки Технопарк надорад, Қазоқистон дар соли 2003, Қирғизистон соли 2013, Туркманистон 2018 ва Ӯзбекистон соли 2019-ум паркҳои технологӣ таъсис додаанд.
Нашрия аз қавли коршиносон навиштааст, ки барои фаъол кардани парки технологӣ дар Тоҷикистон, пешниҳоди имтиёзҳои андозбандӣ ва афзоиши суръати интернет дар кишвар ва истифода аз таҷрибаи кишварҳое назири Украина ва Гурҷистон зарур аст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 17 март суол гузоштааст, ки “Чаро нархи сузишворӣ боло рафт?” Муаллиф аз қавли коршиносони соҳа навиштааст, ки яке аз омилҳо беқурбшавии сомонӣ нисбати доллар аст, зеро сӯзишвории нафтӣ аз хориҷи кишвар бо доллар харидорӣ мешавад. Сабаби дигар ба гуфтаи коршиносон, афзоиши нархи маҳсулотӣ нафтӣ дар кишвари тавлидкунанда аст. Ахиран қиммати 1 барелл нафти навъи Брент аз 70 доллар бештар шудааст.
Бо назардошти таъсири мустақими болоравии нархи сӯзишвории нафтӣ ба қиммати молу хизматрасониҳо дар Тоҷикистон, таҳлилгарони умури иқтисод пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ барои воридкунандагони сӯзишвориро матраҳ кардаанд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар ин шумораи хеш инчунин гузориши аксӣ аз вазъияти ногувори шифохонаҳо дар ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён чоп кардааст. Аксҳои чопшуда баёнгари он аст, ки бемористони ин ҷамоати ноҳияи Кушониён ба истилоҳ хуб ба табобат ниёз дорад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”