Мувофиқи дастури раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мулоқот бо интихобкунандагон, ки 15-ум оғоз шудааст то 25 март идома меёбад.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов дар суҳбат ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки дар давоми 10 рӯз вакилони Маҷлиси Намояндагон бо интихобкунандагон мулоқот намуда, аз мушкилоти мардум огоҳӣ пайдо мекунанд.
Файзулло Машрабов Вакили мардумӣ, ки айни ҳол дар вилояти Суғд қарор дорад, дар суҳбат ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки дар баробари фаҳмондани муҳтавои Паёми сарвари давлат, инчунин мушкилоти аҳолиро ба Ҳукумати кишвар мерасонанд.
Соли дуюм аст, ки сафарҳои гурӯҳию идомадори вакилон ба минтақаҳо ташкил карда мешавад. Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов вакилон дар минтақаҳо тасмим доранд, ки аз назари интихобкунандагон доир ба ҷараёни қонунофарӣ огаҳӣ ёфта, бо вазъи иҷтимоиву иқтисдӣ ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос шаванд. Ин дар ҳолест, ки сару садо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии аз робитаи судманд надоштани вакилон ба интихобкунандагон бисёр садо медиҳад.
Шоҳин Саидов
радиои “Тоҷикистон”