Обу ҳаво
Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ ҳаво шабона ва саҳаргоҳон бебориш дар назар буда, рӯзона баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳаво асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришоти сусти борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 38-40 хунук), рӯзона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук мешавад.
2 март дар шаҳри Хуҷанд ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе- Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавадДар НТҶ Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.
Қурби асъор
1 доллари ИМА — 11.3045 сомонӣ;
1 евро – 13.6897 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1507 сомониро ташкил медиҳад.
Тақвими рӯз
Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи «Time» нашр шуд;
2 марти соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд. Ба гуфтаи намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа МЕҲТА (2020) дар ин муддат Тоҷикистон тавонист дар баррасии масъалаи об ва мусоидат намудан ба ҳамкории байналмилалии марбут ба об нақши муҳими роҳбарикунанда ишғол намояд. Тавре мо медонем, аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ 40% — и аҳолии ҷаҳон танқисӣ мекашанд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии сайёра сол то сол рӯ ба афзоиш дорад.
«Қабл аз ҳама, нақши Тоҷикистон ҳамчун мамлакати роҳбарикунандаи об дар сатҳи байналмилалӣ дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ташаббуси дуюми Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат намуд. Дар баробари ин, Даҳсолаи дуввуми байналмилалии марбут ба об таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди устувор, бахусус ҳадафи шашуми он, ки ба масъалаи об вобаста аст, мусоидат хоҳад кард», – илова намудааст хонум Пратибҳа МЕҲТА.
2 марти соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд;
Дар ин рӯзи соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд;
2 марти соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид;
2 марти соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд;
2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо шуд. Созмони ҷаҳонии савдо моҳи январи соли 1995 таъсис дода шуда, беш аз 160 давлати ҷаҳон узви баробарҳуқуқи он мебошанд. Қароргоҳи СҶС шаҳри Женеваи Швейтсария буда, ин созмони ҷаҳонӣ беш аз 600 нафар корманд дорад;
Имрӯз Рӯзи байналмилалии гӯгирд ва дар Ливия Рӯзи тахлия аст.
Зодрӯз
Соли 1946 – журналист Мухиддин Олимпур.
Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.
Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.