10 ноябр вохӯрии Роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Бахтиёр Аҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба байни вакилони ду ҷонибро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус сомонаи Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Гуфта шуд, ки муносиботи стратегӣ байни ду давлати дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд. Табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат ба нафъи ҷонибҳо буда, метавонад барои расидан ба ҳадафҳои стратегии тарафҳо, бахусус пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат намояд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо гурӯҳи дӯстии Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор аст. Он ҳамзамон муколамаю мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро ба роҳ монда, барои ноил гардидан ба пешравиҳо талоши муштарак ба харҷ медиҳад.
