Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бахшида ба Рӯзи милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии идона баргузор шуд.

Дар чорабинӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳозиринро бо фарорасии ин санаи муҳим табрик гуфтанд. Зимни суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ таъкид карданд, ки мақомоти милитсияи кишвар дар таҳкими амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини оромиву суботи ҷомеа нақши муҳим доранд.

Қайд гардид, ки кормандони милитсияи тоҷик бо садоқат ба Ватан ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми назаррас мегузоранд.
Баъд аз қисми расмии чорабинӣ, барои болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар доир гардид.

Муҷиддини Сайфиддин,
Радиои Тоҷикистон