Душанбе ва Кобул мавқеи яксон ё наздик доранд

Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуда, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, бахусус таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, қонунгузорӣ ва табодули таҷриба сурат гирифт.

Изҳори умедворӣ шуд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ гурӯҳи дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парлумонҳои ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъмин намояд. Ҳамчунин зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.

Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.

Инчунин, дар ин рӯз Сироҷиддин Муҳриддин Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Нобро ба ҳузур пазируфт.

1 марти 2021 ҳамчунин мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои гуногун ва раванди омодагӣ ба Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *