Шоҳҷоизаи озмуни “Дастархонороӣ – эҳёи суннатҳои мардумӣ” насиби куҷо шуд?

Дастархони н. Исмоили Сомонии ш. Душанбе

Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” рўзи 27 феврали 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тибқи хулосаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ шоҳҷоиза насиби дастархони пешниҳодшуда аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ҷойи якум насиби дастархонҳои пешниҳодшуда аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Ховалинг, ҷойи дуюм насиби дастархонҳои пешниҳодшуда аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Сангвор ва ҷойи сеюм насиби дастархонҳои пешниҳодшуда аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб гардид. Ғоибони ҳамчунин бо туҳфаҳои арзишманд ва мукофоти пулӣ сарфароз карда шуданд.

Дастрахони шаҳри Исфара- ғолиби ҷои аввал
Дастархонаи н. Ховалинг- ғолиби ҷои аввал
Дастархони ш. Хоруғ- ғолиби ҷои дуюм

Дар асоси низомнома давраи аввали озмуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ баргузор гардид. Ғолибони даври мазкур дар даври дуюм, ки нимаи аввали моҳи феврали соли равон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар хулосаи комиссияҳои озмунӣ, ки дар вилоятҳо таъсис дода шуда буданд дар даврҳои дуюми озмун вобаста ба талаботи низомномаи озмун ба фарҳанги дастархонороӣ, мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар он, ороиши тарҳ ва нақшу нигори миллӣ дар матои дастархон, интихоб ва ҷобаҷогузории зарфҳо дар дастархон, мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар зарфҳо, истифодаи моҳиронаи сарфакорӣ дар ороиши дастархон, хизматрасонӣ ва муаррифии дастархон бо забони давлатӣ ва либоси миллӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо ба ҳар як дастархон баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа тибқи хулосаи комиссияҳои мазкур дар ВМКБ дастархони пешниҳодшуда аз шаҳри Хорӯғ, дар шаҳри Душанбе дастархони пешниҳодшуда аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар вилояти Суғд дастархони пешниҳодшуда аз шаҳри Исфара, дар вилояти Хатлон дастархони пешниҳодшуда аз ноҳияи Ховалинг ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастархонҳои пешниҳодшуда аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Сангвор ғолиби ин давр интихоб гардида, барои иштирок дар даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.

Дар ин давр ғолибони даврҳои дуюм аз ВМКБ –дастархони пешниҳодшудаи шаҳри Хорӯғ, аз шаҳри Душанбе – дастархони пешниҳодшудаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз вилояти Суғд- дастархони пешниҳодшудаи шаҳри Исфара, аз вилояти Хатлон- дастархони пешниҳодшудаи ноҳияи Ховалинг ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- дастархонҳои пешниҳодшудаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Сангвор ва ба тариқи истисно ноҳияи Варзоб иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, бо мақсади эҳёи суннату анъанаҳои мардумӣ ва дар ин замина бо назардошти пешравии ҷомеа боло бурдани фарҳанги дастархонороӣ мувофиқи банди 21-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳия гардидааст, давоми солҳои 2019-2021 дар саросари ҷумҳурӣ баргузории озмуни дастархонороӣ ба нақша гирифта шудааст.

Озмуни мазкур соли равон аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муносиб баргузор карда шуд.

Қобили   зикр аст, ки дар ин роста дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи озмуни дастархонороӣ, талабот ва шартҳои баҳодиҳӣ, ҷадвали баргузории давраҳои озмун такмил дода шуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Ҳамзамон комиссияи озмунӣ аз ҳисоби намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шуд.

Қобили зикр аст, ки баргузории озмуни дастархонороӣ идомаи мантиқии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, он тарғибу ташвиқи сарфаю сарриштакориро бо такя ба суннату анъанаҳои мардумӣ   ҳангоми оро додани дастархон тақвият хоҳад бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *