Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон -инвест» оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон -инвест» ба кори худ оғоз намуд.

Дар доираи форуми мазкур Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ ба монанди хидматрасонии бонкӣ баргузор гардид.

Сараввал ширкаткунандагони форум аз намоишгоҳи мазкур дидан намуда, бо имкониятҳои содиротии Тоҷикистон ошно гардиданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон бо маҳсулоти ватанӣ ошно гардиданд.