Тафсилот аз рӯзи аввали Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон — инвест- 2025» дар шаҳри Бохтар

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон — инвест- 2025» муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода, раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси Кумиати давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султтн Раҳимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар оғози форум ба ширкаткунандагон имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятнок муаррифӣ тавассути сабти видеоӣ муаррифӣ гардид.

Вилояти Хатлон яке аз минтакаҳои дорои имкониятҳои истеҳсоли неруи барқ буда, тавассути роҳҳои байналмиллӣ метавон маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Дар оғози суханрониҳо раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид иштирокдоронро ба чорабинӣ ҳайрамақдам намуда, оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ ва вилоят дар даврони истиқлолият ҳозиринро ошно намуд. Он 240 имтиёзе, ки барои соҳибкорону сармоягузорон дода шудааст, бори дигар исботи давлатии бахши хусусӣ мебошад.

«Ҳукумати Вилояти Хатлон бо сармоягузорону соҳибкорон дар робитаи зич буда, вилоят қалби иқтисодиёт аст. Қариб 40 фоизи аҳолӣ дар ин вилоят умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд ва сол ба сол мутахассисони асил ба воя мерасанд. Ҳавои мусоид ба вилоят имкони истеҳсоли маҳсулоти барвақтии кишоварзиро додааст. Дар вилоят барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба ҳамкорӣ ниёз дорем. Самти дигар ин саноат аст, ки бояд сармоягузорӣ карда шавад. Саҳми вилоят дар рушди саноатиҷумҳурӣ 25 фоизро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ барои пахтакорон пурфайз буд зиёда 255 ҳазор тоннв пахтаро ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳамагӣ 5 фоизаш коркард мешавад, ки боиси таассуф аст. Бояд барои таъсиси кластери нассоҷӣ бикушем», — таъкид дошт Давлаталӣ Саид.

Зимни суханронӣ муовини аввали Сарвазири ҶТ Ҳоким Холиқзода зикр намуд, ки ҳадафи чорабинӣ пеш аз ҳама ҷалби сармоягузорӣ ва рушди минтақа мебошад. Номбурда дар мавриди дастгириҳои давлатии сармоягузорӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ ва содагардонии оасмиёти савдои хориҷӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки эълони мараторий то моҳи январи соли 2027 имкон медиҳад, то сармоягузориву соҳибкорӣ рушд намояд.

Дар вилоят ҳоло 2.5 млрд доллар лоиҳаҳо татбиқ гардида истодаааст. Минтакаҳои озоди иқтисодии Панҷ, Данғара ва Кулоб имкон медиҳад, то сармоягузорӣ бештар гардад, — илова намкд муовини якуми Сарвазири мамлакат.

Ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел, муоаини раиси Ҳукумати вилояти Пензаи Федератсияи Россия, муовини ҳокими вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитнур Бакитули, муовини ҳокими вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон Алишер Зокиров низ дар мавриди самтҳои рушди ҳамкориҳо андешаҳои худро иброз доштанд.

Форуми сармоягузории «Хатлон инвест — 2025» кори худро дар се панел идома дод.

Шоистаи Аҳмад,
Душанбе- Бохтар