Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Чеҳраи миллат» китоб нашр гардид. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Китоби тозанашр аз чор ҷилд иборат буда, дар он эҷодиёти чор шоири халқии Тоҷикистон- Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Давлат Сафар дар алоҳидагӣ ба нашр расидаанд. Ин китоб дар нашриёти «Адиб» чоп шудааст.
Китоби «Чеҳраи миллат» 13 ноябри соли 2025, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев рӯнамоӣ мегардад.
