Баррасии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар саммити COP-30

 Дар Саммити роҳбарон, ки  дар доираи 30-юмин ҷаласаи Конфронси тарафҳо дар бораи Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим /COP-30/ дар шаҳри Белени Бразилия баргузор гардид, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо изҳороти расмӣ баромад намуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, Баҳодур Шерализода ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси калидии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи гузаронидани нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдоварӣ намуд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  платформаи таърихӣ барои расидан ба консенсуси таърихӣ дар бораи аҳаммияти нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ва ёфтани ҳалли мушкилии глобалии обшавии онҳо гардид.

Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, ин масъалаи муҳимро ба чунин сатҳи баланди рӯзномаи байналмилалӣ бардоштааст. Ҳарчанд ҳиссаи мамлакат дар тағйирёбии глобалии иқлим кам аст, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои худ дар доираи Созишномаи Париж ва қадамҳои минбаъда барои амалӣ кардани ташаббусҳо дар соҳаи нигоҳдорӣ, ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқлимӣ содиқ боқӣ мемонад.

Ҳамчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» маълумот дод. Дар доираи амалӣ намудани ин барнома дар Тоҷикистон қариб 2 миллиард бех дарахт шинонида мешавад.