Ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия таҷлил мешавад. АМИТ «Ховар» бахшида ба ин сана иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
– Кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.
****
Вақте ба таърихи гузаштаи милитсияи тоҷик назар мекунем, саҳифаҳои пур аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва содиқ ба миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамонро мебинем.Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод.
****
Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои дохилӣ ба давлату миллат ва сарзамини муқаддасамон итминони комил дорам.
****
Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад
****
Шумо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари мо бо заҳмати зиёд, инчунин, матонату шуҷоати ҳазорон нафар фарзандони содиқи Ватан ба даст омадааст. Ҳимояи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ба дӯши шумо гузошта шудааст.
****
Мардуми Тоҷикистон дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳомиёни зиндагии орому осудаи худ, муҳофизони шараф ва манфиатҳои шаҳрвандон, низому тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияту суботро мебинанд.
****
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъ манфиатҳои давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкарда дар оянда низ содиқ мемонанд ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшанд.
****
Тибқи қонунгузорӣ масъулияти басо муҳимми давлатӣ – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба уҳдаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
****
Кормандони ин ниҳоди бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз оғози расидан ба истиқлолу озодӣ ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, яъне вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
****
Тайи солҳои сипаришуда ҳайати шахсии милитсияи тоҷик дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористону ифротгароён, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ малака андӯхт.
****
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таъминоти моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
