Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки шабонарӯзи наздик дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дар дарёи оби Хингов баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ 10 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Барои ҳамин ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ мекунанд, ки эҳтиёткор бошанд, чорвочарониҳоро дар доманакӯҳҳо маҳдуд намоянд, кӯдаконро ҳезумчинӣ ва ҷамъоварии гулҳои аввалбаҳорӣ нафиристанд, моҳидорӣ нараванд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарии роҳро риоя намоянд.
“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бо истифода аз фурсати муносиб селроҳаҳоро аз хасу чӯбу сангу хок тоза кунанд, каналҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо пок созанд”, омадааст дар як огоҳии КҲФ.