
Дар анбору сардхонаҳои ташкилоту хоҷагиҳои соҳаи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба миқдори 2364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1306 тонна пиёз, 703 тонна картошка ва 633 тонна ангишт захира карда шудааст.
Инчунин, дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 45 адад анборҳои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба масоҳати 15790 м2 мавҷуд мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳа 3 адад сардхона, аз ҷумла дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 350 тонна, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна ва дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1500 тонна фаъолият намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ ба ВАО гуфта шуд, ки Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нақша дорад, ки дар соли 2021 сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро баланд бардошта, хариду захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш диҳад. Ин чунин, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгороне, ки дар хобгоҳи донишгоҳу донишкадаи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» истиқомат мекунанд, як сол ва донишҷӯён дар нимсолаи аввал пурра аз пардохти маблағи иҷора озод мегарданд.
Ба навиштаи расонаҳо зикр гардид, ки дар муассисаҳои таълимии Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди Донишгоҳ тамоми шароит муҳайё карда шуда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони зарурӣ тайёр карда мешаванд.