Олами ҳастии мо дар худ асрори зиёдеро маҳфуз медорад, ки танҳо дар натиҷаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ метавон тамоми асрори нуҳуфтаи олами ҳастиро кашф намуд. Маҳз асрори нуҳуфтаи олами ҳастӣ ва замину коинот, сар задани ҳодисаҳои гуногун дар атрофу акноф, Ризоро ба омӯзиши илми физика чалб намуд ва меҳри беандозааш нисбат ба ин илм ӯро ба қаъри беканораш кашиду дар ин баҳри беканори илм ғутаввар шуд ва боз ҳам жарфтар ба қаъраш шино карду тақдири худро ба ин илм пайваст.
Ризои Баҳромзод, ходими пешбари Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров, имрӯз ҳамчун сарвари олимони ҷавони институти мазкур фаъолият дорад. Ӯ соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси астроном бо дипломи аъло хатм намуда, соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Маскав зинаи аспирантураро бо ихтисоси физикаи энергияҳои баланд ба итмом расонидааст. Миллаташ тоҷик буда, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ризо ҳоло муқими шаҳри Душанбе буда, 29 сол дорад.
Хушбахтона, муҳити оилавии Ризо барояш фазои мусоиди илмомӯзиро фароҳам овард, то натанҳо аз илми физика, балки аз тамоми илмҳои дигар воқиф бошад ва қатра – қатра аз баҳри беканори илму маърифат нӯш кунад. Ин илмҳо чун шамъ дар пайдо намудани роҳи дурусти зиндагӣ ба роҳаш равшанӣ андохт, то ҳаёташ рангину муҷҷало гардад.
Волидайни Ризо талош бар он доштанд, ки ӯ аз тамоми илмҳои замона огаҳ бошаду хазинаи донишашро ғанӣ гардонад. Ин буд, ки Ризо дар мактаб аз тамоми фанҳо баҳои аъло мегирифту намунаи ибрати дигарон буд ҳамеша. Баъди хатми мактаб бо маслиҳат ва дуои неки волидайн роҳ пеш гирифт ба марказу маъвои илму маърифат – шаҳри Душанбе ва ба факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Мағзаш, ки моломоли тамоми илмҳои замона буд, дарсҳоро ба хубӣ аз худ мекард. Тамоми паҳлӯҳои илми ситорашиносиро кӯшиш мекард то ба қадри имкон аз худ намояд.
Дар маҳфилу чорабиниҳои илмӣ фаъолона иштирок мекард. Мақолаҳои илмиашро дар рӯзномаи донишгоҳӣ чоп мекард. Бад – ин васила, донишашро афзун мекард. Ӯ дар ҳама самтҳои илм донишашро санҷидан мехост ва ба ин хотир дар олимпиадаҳои фанни фалсафа низ ширкат намуда, се сол пайи ҳам ҷоизадори он гардид.
Ризо кӯлбори илму маърифаташро аз ин мактаби олӣ пур намуда, барои фарохтар сохтани домони илмаш (манзур илми физика аст), барои омӯхтани таҷриба ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафт ва дар он ҷо зинаи аспиратураро бо дипломи аъло хатм намуда, бо сари баланд ба ватан баргашт, то илми бадастовардаашро барои рушди ҷомеаи худ ва рушду пешрафти сарзамини худ – Тоҷикистон сарф намояд. «Ҳарчанд, олимони Институти физика барои таҳқиқотҳои илмӣ ба таҷҳизотҳои замонавӣ дастрасӣ надошта бошанд ҳам, робитаҳои илмӣ миёни олимони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар якҷоягӣ пажӯҳишҳо мегузаронанд» – мегӯяд Ризо Баҳромзод.
Ризо ба он назар аст, ки эълон гардидани “20 – солаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ” барои боло бурдани фарҳанги техникии мардум ва илмро дар истеҳсолот ҷорӣ кардан, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба ин илмҳо таъсиси осорхонаи илмӣ заминагузор хоҳад буд.
Олими ҷавон иброз дошт, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, ки саноатикунонии кишвар аст, мо бояд мутахассисони варзидаю кордонро тарбия намоем, то илмро дар амал татбиқ карда тавонанд. Чун рушди кишвар аз ҷорӣ кардани илм дар истеҳсолот вобастагӣ дорад.
Ризо мегӯяд, барои шавқу завқи наврасону ҷавононро ба илм, хусусан ба илмҳои дақиқ, бедор намудан, бояд пеш аз ҳама падару модар ва омӯзгорон низ масъулиятшинос бошанд ва фарзандони худро аз аҳмияти ин илмҳо дар рушди ҷомеа воқиф созанд. “Агар дар зеҳни наврасону ҷавонон китобхонӣ ҷой гирад, фаҳмишу андешарониашон фарохтар шуда, омӯзишу аз худ кардани илмҳои дақиқ низ барояшон осон мегардад, чунки китоб хазинаи илму идрок буда, барои рушди маънавиёти инсон муосидат мекунад”, – мегӯяд Ризо.
Бовар бар он дорем, ки ин ҷавони илмдӯст дар ояндаи на чандон дур дар рушду пешрафти илмҳои дақиқи Ватан саҳми бузург хоҳад гузошт.
Адолат САНГИНЗОДА,
Радиои Тоҷикистон